05.01.2019

Шарту шароити корӣ барои агенти манзил.

Талабот ба корманд:

1.       Донистани забонҳои тоҷикию руссӣ ҳатмист ва ангилисӣ бартарӣ дорад;

2.       Донистани кор бо компютер (Барномаҳои MS Word, Excell). Тавонистани коркарди сурату видео тавассути барномаҳои махсус афзалият дорад.

3.       Кор карда тавонистан бо интернет ва баномаҳои Viber, Imo, WhatsAPP ва Faceboook – Одноклассники, Youtube.com.   

4.       Доштани телефонии мобилии ҳозирзамона ва имконияти ба навор бардоштани сурат ва видео;

5.       Муомилаи хуб доштан ва дуруст мантиқан суҳбат кардан;

6.       Меҳнаткаш будан ва дӯст доштани кор дар самти кор бо амволи ғайриманқул;

7.       Ҳушёр ва чоллок будан;

8.       Омода будан дар дилхоҳ вақт ба ҷавоб додани зангҳои телефонӣ ва муроҷиатҳои хаттию аудиоӣ;

9.       Саломатии бардавом доштан;

10.    Сину сол: аз 20 то 30 сола;

11.    Ҳисобу китоб карда тавонистан ва хотираи хуб дошатан.

 

Уҳдадорӣ (вазифаҳо):

1.       Вориди интернет шуда аз сомонаҳои эълонҳо  назар карда хонаҳое, ки дар шаҳри Душанбе дар фуруш ҳастанд, ба соҳибонашон бо телефон занг мезананду маҳсулоти ташкилоти моро пешниҳод мекунанд ва шарту нархи хизматрасониро мефаҳмонад. Яъне таклиф менамояд, ки хонаи у тавассути мо ба фуруш бароварда шавад. Сабабу фоидаи бо мо ҳамкорӣ карданро ба мизоҷон мефаҳмонад.

2.       Дар ҳолати аз ҷониби мизоҷон ҳавасманди пайдо шудан ба манзили онҳо рафта наворбардорӣ мекунад (сурат ва видео) ва баъдан варақи иттилоотиро, ки дар он маълумот оиди манзил бояд дарҷ шавад пур мекунад. Шартномаро ба имзо мерасонад. Бо розигии мизоҷ ҳаққи хизматро гирифта ба мизоҷ квитансия пешниҳод мекунад ва визиткаи худро тақдим мекунад.

3.       Маълумоти гирифтаро (сурат, видео, шатнома ва иттилооти хаттиро) ба сомонаи agentstva.tj ворид  менамояд.

4.       Ба саволҳои мизоҷон, ки тариқи телефон ё дигар васоити алоқа дар тамос шуданд ҷавоби пурра медиҳад;

5.       Дар ҳолати пайдо шудани харидор, ки ин яке аз корҳои асосӣ мебошад ба он манзили лозимаро дарёфт карда барои фуруш пешниҳод мекунад ва ҳаммаи корҳои марбута ба нишон додан, барасмиятдарорӣ (бақайдгирии давлатӣ) анҷом медиҳад;

6.       Дар ҳолати хизматрасонӣ кардани мизоҷоне, ки хона мехаранд аз онҳо ҳаққӣ хизматро гирифта ба роҳбарият месупорад.

7.       Дар як рӯз ба то 20 нафар занг задан лозим ва дар ҳолати ба хонаҳои онҳо рафта лоақал 2-3 хонаи гуногунро наворгирӣ намудан лозим.

Шароити корӣ:

1.       Маош: 700 сомони дар як моҳ барои соли якум. Ба маблағи 500 сомонӣ дар давраи санҷишӣ. Дар ҳолати бомуваффақ кор кардан 25%-и даромади овардашуда ҳамчун мукофот дода мешавад.

2.       Давомнокии кор: Душанбе – Шанбе. Соати 8:30 то 17:30. Вақти нисфирузӣ давоми 1 соати танафус.

3.       Хароҷоти раҳпулӣ ва хароҷот барои телефону интернет бо мақсади корӣ дода мешавад;

4.       Муҳлати санҷиш: 1 моҳ аст. Дар ҳолати гузаштани давраи санҷишӣ шартномаи ҳамкории солона баста мешавад;

5.       Ҷойи корӣ: Метавонед аз хонаи худ истода ба мизоҷон занг занед ва ё аз офиси агентства. Ба ҷойи корӣ омадан ҳатмӣ нест.

Агар бо ин шарту шароит розӣ бошед ва боварӣ доред ки аз уҳдаи чунин кор мебароед пас аризаи барои ҳамкорӣ карданро ба суроғаи info@agentstva.tj навишта равон намоед.  

02.03.2024
Хизматрасонии риелтори дар пойтахти Тоҷикистон (ш. Душанбе) аз ҷониби садҳо риэлторҳо пешниҳод карда мешавад, аммо 95% онҳо агентҳои якрӯзаи амволи ғайриманқул мебошанд, ки офис, таҷрибаи кофӣ ва таҳсилоти махсус надоранд. Танҳо 5% риэлторҳо дар Хадамоти андоз расман сабти ном шудаанд, онҳо як гурӯҳи агентҳо доранд, ки дар тӯли даҳсолаҳо дар соҳаи хариду фурӯши амволи ғайриманқул, иҷора, баҳодиҳӣ, машваратӣ, таблиғ ва хидматрасонии миёнаравӣ кор мекунанд.
05.01.2022
Мир недвижимости или как таджикском говорят «Олами хонахо» может быть очень напряженным как в Таджикистане – столице Таджикистана так и во всех городах и странах мирах. Без смущения, прерывателя не существует. По сути, агентство недвижимости служит посредником при продаже жилья в том числе дома и квартир между продавцом и покупателем. Как мы работаем с этими компаниями и как вы можете помочь им с вашей ситуацией. Если вы хотите стать профессионалом в этой области, проконсультируйтесь с нашим мастером по управлению недвижимого имущества.

Хизматрасонии риелтори дар ш. Душанбе (Тоҷикистон)

Хизматрасонии риелтори дар пойтахти Тоҷикистон (ш. Душанбе) аз ҷониби садҳо риэлторҳо пешниҳод карда мешавад, аммо 95% онҳо агентҳои якрӯзаи амволи ғайриманқул мебошанд, ки офис, таҷрибаи...

Читать

Мир недвижимости – Олами хонаҳо (Агентство - риелторские услуги в Душанбе – Таджикистане)

Мир недвижимости или как таджикском говорят «Олами хонахо» может быть очень напряженным как в Таджикистане – столице Таджикистана так и во всех городах и странах мирах. Без...

Читать

Realtor.tj - Барои чи риэлтор дар Тоҷикистон ё Душанбе лозим?

К счастью, у агентов по недвижимости есть более интересная часть, чем административная тема, мы имеем в виду коммерческие функции, то есть чистую и простую продажу. Эта часть обычно является...

Читать